Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони деҳотро рӯҳбаланд намуд

ҶАЙҲУН. Дар деҳаи Ҳилолии ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Ализода Фарзона, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон ва сокинони деҳаи болозикр доир гардид.

Зимнан, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадова Ҷумаъгул баромад намуда, иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 22 декабри соли 2017 дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле бамаврид аст. Зеро, табиат ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгуи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Дар фарҷом Шомаҳмадова Ҷумаъгул қайд карданд, ки амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg