БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум ба қадри ҳунару ҳунарманд мерасанд!

ХУРОСОН. Дар ташкилоти ибтидоии «Субҳ»-и ҷамоати деҳоти Фахробод бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин ҳадафи баргузории вохӯриро ба ҳамагон фаҳмонида, доир ба сафари кории Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, кушодашавии чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бо ташаббусу иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябри соли равон баргузор гардид, андешаронӣ карда, аз ҷамъомадагон, ки бештари онҳоро занону кадбонуҳо ташкил медоданд, барои сарафҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он даъват карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин аз эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, вусъати кишту кори тирамоҳӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои корам баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ёдовар шуда, иштирокдоронро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ ҳунармандон маҳсули дастони хешро ба намоиш гузоштанд, ки ҳамагон аз ин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg