БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хониши сиёсӣ дар мукаммал гардидани дониши шаҳрвандон мусоидат намуд

ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Родмардони Ватан” тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёси  бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб оид   ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ доир гардид.

Зимнан Маҳмадаюб  Шарифзода иштирокдоронро барои ба фаъолият оғоз намудани  агрегати якуми НБО-и Роғун, ки орзуи деринтизори  мардуми тоҷик  буд, табрику муборакбод гуфта,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, сафари кории  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавридибаррасӣ қарор дода, афзуд, ки  ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ маънидод карда мешавад.

Дар охир  иштирокдоронро барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат  баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ  раҳнамоӣ карда шуданд, ки ҷамъомадагон суханрониҳои судманди Шарифзода  Маҳмадаюбро хуб дарк намуда, ба худ  таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg