БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчам арзиши воло ва муқаддас барои миллати тоҷик аст

ЁВОН. Санаи 24-уми ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ-Парчами давлатиро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ истиқбол гирифтанд.

Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо-тоҷикон муқаддас аст. Дар назди парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози қаторӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.

Ҷашни Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон -эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми Ватан  ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштиҷ, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.

Итминони комил дорем, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба Парчами давлатӣ яъне рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуни фарҳанг, хулоса ба тамоми арзишҳои ахлоқиву маънавии халқамон торафт бештар ва густурда мегардад ва халқи  шарафманди тоҷик зери парчами муқаддаси миллӣ мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро бо меҳнати фидокорона паси сар намуда, ба эъмори ҷомеаи пешрафта ва мутамаддин муваффақ мегардад.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ба мунисибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Ситораи Сурх» бо ҷалби ҷавонону наврасон роҳпаймоӣ ва чорабинии сиёсию фарҳангӣ баргузор намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg