БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИМОИ ВОҚЕИИ НАҲЗАТИЁН ДАР ПАЙМОНИ ШАРМАНДАВОРИ ОНҲО ОШКОР ШУД

ВОКУНИШ. Ҳар як ҳизб ва ё гурӯҳи сиёсӣ ба худ ҳадафҳои муайяни сиёсӣ ва роҳи муайян барои расидан ба мақсадҳои олии худро дорад. Ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ бошад аз бунёдаш дурӯя буд ва ду ниқобро барои фирефта кардани мардум истифода мебурд. Ниқоби аввали онҳо “дунявият, волоияти қонун, арзишҳои инсонӣ ва демократӣ” буда, дар ҷомеаи шаҳрванди худро чунон вонамуд менамоянд, ки гуё омодаи хизмати миллат мебошанд.Ниқоби дигарашон бошад дин аст. Ба ибораи дигар наҳзатиён дар маҷмуъ ҳам динро фиреб медиҳанду ҳам дунёро!

Аммо чи хеле маълум аст симои аслии онҳо авомфиребӣ буда, дар ин роҳ аз ҳамаи ризолат ва хиёнат барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода менамоянд. Ҳатто дини Худоро ҳам василаи фиреби мардум қарор доданд. Чи хеле ки симои воқеи онҳо нишон дод ва тамоми мардуми кишвар огоҳ ҳастанд, барои расидан бо мақсадҳои нопоки худ ба ҳамаи ҷабҳаҳои тундгароии экстемистии минтақавӣ ва башарӣ ҳамкорӣ доранд. Хатари ин ташкилот пеш аз ҳама дар он аст, ки наҳзатиён бо ташкилотҳои хеле даҳшатноки имрӯзаи ҷаҳонӣ ба монанди ДИИШ ҳамкорӣ дорад. Ҳам ДИИШ ва ҳам наҳзатиён дар кишварҳои ғарбӣ пуштбонҳо дошта аз ҷониби онҳо барои ноором кардани авзои сиёсии давлатҳои мавриди ҳадаф маблағгузорӣ мегарданд. Яке аз вазифаҳое, ки хоҷагони хориҷиашон дар назди ин гурӯҳҳо гузоштаанд, дар баробари қатлу куштор ин террори фикрӣ намудани ҷомеа мебошад. Яъне мардуми солимфикрро ба як тудаи мутаассиби манқуртшуда табдил додану давлатро дигарбора ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашидан.

Яъне симои дигари он таассуби мазҳабӣ ва хурофот бо афкандани тарсу ҳарос барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ бо суистифода аз манобеи исломӣ – Қуръон, ҳадис ва суннат амалиёти густурдаи сиёсӣ-идеологӣ роҳ андохтан мебошад.

Ҳатто ин нуктаро падари маънавии наҳзатиён Қиёмиддини Ғозӣ ва Мулло Аёмиддин Сатторов дар баромадҳояшон тавассути шабакаҳои телевизионӣ тасдиқ намуда, симои воқеӣ ва пур аз ҷаҳлу такаббури роҳбарашон М. Кабириро барои бинандагон ва умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон бори дигар шиносониданд.

Роҳбари фирории наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ бо мақсади ба хоҷагони хориҷии худ нишон додани қудрату фаъолияташ дар Аврупо чор гумроҳи пайравашро, ки ҳамагӣ наҳзатӣ буданд, ба чор гуруҳи дигар тақсим карда, бо онҳо (яъне худ ба худ) як паймони шармандавор бастанд. Чи хеле, ки аз расонаҳо огоҳ шудем чор созмони бо қавле мухолифин - ташкилоти терористиву экстремистии наҳзати исломӣ ва се ташкилоти худи наҳзатиҳои хоин бо номҳои назарфиребона ва аз ҷониби худи онҳо номгузоришуда масхараомезона байни худ “созишнома” имзо карданд ва иттиҳодеро бо номи “Паймони милли Тоҷикистон” таъсис доданд ва Кабирӣ худро роҳбари ин паймон интихоб намуд.

Бо ҳамин гӯиё нишон дод, ки “гурӯҳҳои сиёсии мухолифини дар хориҷи кишвар бударо муттаҳид сохт”. Ин масхарабозии бемантиқро ҳатто хоҷагони масхарабози хориҷиашон ҳам, аз шарм, эътироф карда натавонистанд.

Ҳеҷ кас инкор карда наметавонист, ки паёмони миллии созмондодаи Кабирӣ ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки зери ниқоби нав мехоҳад асолати террористӣ доштанӣ ҷиноятҳои содиркардаашро пинҳон намояд.

Ҳамзамон, онҳо якчанд сомоначаи шармшикан сохтаанд, ки аслан пур аз маводи аз дигар сомонаҳо рубардоркардашуда аст. Онҳо хабарҳоро ба таври дилхоҳашон таҳри карда, баъзан хулосаҳои песимистонаи бемаънову мантиқи худро илова карда гӯиё “шедевр” месозанд. Навиштаҳои “интиқодиашон” чунон примитив аст, ки ҳатто онҳоро чор наҳзатии худашон намехонад. Зеро маълум аст, ки ҳама гуфтаҳояшон буҳтон ва пур аз ғаразу иғво ва манфиатҳои сиёсист. Аз сӯи дигар он ҳама иғвову дуруғпарокании онҳо дар доираи лоиҳаҳои муайяне роҳандози шудааст, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон маблағгузорӣ мешавад. Аз ин рӯ касе навиштаҳои фармоишшудаи онҳоро ҷиддӣ намегирад ва дар васоити ахбори оммаи расмӣ ҳам касе аз онҳо иқтибос намеорад. Бо ин амалашон онҳо ба сарпарастону хоҷагони аҷнабии худ нишон додани мешаванд, ки гуё фаъолият намуда истодаанд. Аммо бехабар аз онанд, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонид, радди маърака шуданд ва ба ҷуз аз хоҷагони хориҷиашон дар ҷомеа ба касе лозим нестанд.

Зимнан, Кабирӣ роҳи дигари фитнаро пайгирӣ намуда, барои руйпуш намудани амалҳои зишти тайнамудааш, дар ҷаласаҳои ташкилотҳои байнлмилалӣ баромад намуда, дар суханрониҳояш ислоҳоти маъмулу гулзананда ба монанди демократия, парламентаризм, либерализм ва монанди инҳоро ба навбат истифода бурда, дар пеши созмонҳои байнанхалқӣ худнамоӣ нишон дода, бо ин васила мехоҳад барои худ дар Аврупо ҷойгоҳи хосае пайдо кунад.

Аммо ба тадриҷ муҳтавои дуруғини баромаду муҳосибаҳо, суханрониҳо ва иғввогариҳои интернетии Кабирӣ барои ҷомеаи аврупойӣ ошкор шуда истодаанд ва тадриҷан парда аз рӯи фиреби наҳзатиҳо бардошта шуда истодааст. Пас аз ваҳшиёна ба қатл расонидани 4 нафар сайёҳони хориҷӣ дар вилояти Хатлон афти манфури наҳзатиён барои мардуми дунё бештар ошкор гардид. Ҳарчанд онҳо ин амали нангини худро инкор мекарданд, аммо бо ҷалби мутахассисони байналмиллалӣ бори дигар исбот шуд, ки ин кори наҳзатиён аст. Дар зимн васоити ахбори оммаи Амрико ба мисли “Садои Амрико” ва “Радиои Озодӣ” бо  такя ба манбаҳои муътамади худ  тасдиқ намуданд, ки қатли ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кори дасти наҳзатиён аст.

Аллакай ТЭТ ҲНИ дигар ҳамон обрӯи сунъии худро ҳам надорад. Баръакс, ҷаҳониён рафтори онҳоро маҳкум мекунанд.

Мардуми шарафманди баору номуси тоҷик, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ин гуна дасисаҳоро таҷриба кардаву талхии онҳоро чашидаанд, ҳама гуна ҳаракатҳои ташкилотҳои экстемистӣ ва террористиро маҳкум менамоянд. Ҳар як фарди бонангу номуси ин Ватанро мебояд барои оромиву суботи ҷомеа саҳми худро гузорад. Дар ҳифзи ҷомеаи солим, сулҳу субот, амнияти пойдори мамлакат ҳиссагузор бошад. Нагузорем, ки ҳаргуна андешаҳои носолим мағзу шуури ҳаммилатони моро заҳролуд намоянд.

Нуриддин САДРИДДИНЗОДА – узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав, раиси ноҳияи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg