БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИ РОҒУН НУРИ РАҲМОНӢ БИХЕЗАД!

АНДЕША. Тоҷикистони биҳиштосои мо дорои захираҳои фаровони оби буда, аз рӯи нишондоди ҷаҳонии захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро ишғол менамояд. Баҳолати имрӯза дар ҷумҳурӣ фақат 5-6%-и захирахои обӣ ва гидроэнергетикӣ самаранок истифода мешаванд. Мавриди зикр аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи босамару мақсаднок ва омилӣ калидии рушди иқтисодиёти миллӣ будани он шароити мусоид фароҳам овард. Миллати тоҷик таҳти сарварии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷаҳониён исбот кард, ки чу дар илму адаб ва шеъру фарҳанг дар давлатдории низ устод аст, дар рӯзҳои бисёр вазнину мушкил ва парешонии миллати тоҷик Пешвои тоҷикони ҷаҳон бо хиради воло ва иродаи оҳанини худ ба майдони сиёсат ворид шуда тавонист, ки чархи ҳаводисро ба ҷониби некӣ бигардонад.

Бешак хизматҳои ӯ сазовори таҳсим ва шукргузоранд. Зеро Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонӣ тавонист шартҳои барои мавҷудияти миллат ва ватани хеш заруриро иҷро намояд. Хизматҳои ӯро ба чунин бобҳо метавон номбард кард:

  1. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ;
  2. Барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва ризояти миллӣ;
  3. Интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ тарҳрезии шакли идора, таҳкими низоми сиёсӣ ва сохтори давлат;
  4. Таҳияи низоми ҳуқуқии миллӣ ва таҳкими қонуният дар ҷомеа;
  5. Ташкил ва рушди иқтисодиёти миллӣ;
  6. Арҷгузорӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ, арзишҳо ва ойинҳои мардумӣ;
  7. Рушди соҳаи маориф ва илми кишвар;
  8. Аз бунбасти комунникатсиони баровардани мамлакат;
  9. Талошҳо дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии Тоҷикистон.

Албатта барои пурра номбар кардан ва шарҳ додани хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу ватанаш китобҳо навиштан кам аст. Аммо мо он хизматҳоеро ёдрас шудем, ки пурра амалӣ шудаву дар рушду нумӯъи кишвар омилҳои асосӣ ба шумор мераванд. Инак санаи 16-уми ноябри соли равон чархаи нахустини НБО «Роғун» ба истифода дада шуд.

Дар ҳақиқат ин мужда қалби мардумро пур аз шодиву фарраҳ намудааст. Сохтмони чунин як иншооти бузургу беназир яъне НБО «Роғун», ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол тақдирсоз аст, аз лиҳози техникию муҳандисӣ молиявӣ ва тартибу усул баҳо надорад. Дар ҳақиқат мардуми кишвар ин рӯзро бо як ҷаҳон умеду орзуҳо интизорӣ мекашиданд. Ҳамагон дар хотир дорем, ки дар рӯзҳои барои пешрафти кори сохтмони НБО «Роғун» хело муҳим мардуми мо ҳам дар ватани азизамон ва ҳам дар муҳоҷирати меҳнатӣ, берун аз марзу буми кишвар саҳмияҳои онро бо дилгармиву хурсанди харидорӣ мекарданд, то дар пешрафти кори он саҳме дошта бошанд. Зеро ин иншооти аср барои рушди истисодиёт ва таъмини сазовори наслҳои имрӯзу фардои диёрамон хизмат карда Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур табдил хоҳад дод.

Аз ин хотир бемуҳобо санаи ба кор даровардани чархаи аввали НБО «Роғун» дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср лоиҳаи азими гидроэнергетики мамлакат- НБО «Роғун» маҳз бо ташабуссҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, самараҳои аввали он ба бор меоянд. Ин манбаъи нур дар оянда метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонад. Сохтмони нерӯгоҳ расман соли 1976 оғоз гардида буд ва то соли 1987 ҷараён дошт. Аммо мутаъсифона бо пош хӯрдаи Иттиҳоди Шӯравӣ корхонаҳои саноатии ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ, ки бо Тоҷикистон оиди бо масолеҳҳои сохтмонӣ нерӯгоҳ шартнома доштанд, ҳамкориро қатъ карданд. Ҳамин тавр, бо сар задании ҷанги шаҳрвандӣ кори сохтмон мавқуф гузошта шуд.

Хушбахтона имрӯз ниҳоли саъю талошҳои сарври давлатамон самар медиҳад. Нури раҳмонӣ манзилҳо ва нури шодӣ дилҳои моро мунаввар мекунад. Ҷои шукргузорист, ки Тоҷикистон бо сохмни пурраи НБО «Роғун» ба яке аз се ҳадафи стратеги ноил шуда, дар оянда аз ҷумлаи кишварҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон хоҳад шуд. Аллакай кишвари мо дар амалисозии бахши асосии ин ҳадафҳо мувафақ гардида, барои ҳамқадам шудан бо давлатҳои муштараки ҷаҳон заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Бешак ҳадафҳои стратегии тақвиятдиҳандаи ҳамдигар буда, рушди иҷтимоии ҳаёти кишварро таъмин мекунанд. Тавре, ки Пешвои миллат гуфтааст: «Мақсади асосии мо аз татбиқи ин ҳадафи созанда дар навбати аввал таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишварамон буда, ҳамзамон бо ин ният дорем, ки раванди саноатикунонии мамлакатро густариш бахшем ва бо ин роҳ ҳазорҳо ҷойҳои корӣ таъсис диҳем, иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистонро афзун карда масъалаҳои иҷтимоиро ҳаллу фасл намоем». Вақте ки хизматҳои Пешвои миллатро ба пеши назар меорем пас мебояд гуфт, ки ӯ мисли як ситораи бахт, як нурӯи фарраҳбахш аз миёни мушкилиҳо торикиву зулмат солиму сарбаланд гузашт. Дар роҳи наҷоти миллат ва ободонии диёрамон монанди офтоби сафобахш зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сабзу шукуфон табдил дод. Бе муҳобо нури НБО «Роғун»-ро, ки дар пешрафти ҳаёти мо мавқеъи хеле муҳим хоҳад дошт, метавон ба як шӯллаи ин офтоби осмони миллати тоҷик ташбеҳ дод.

Зиҳӣ чунин сарвар, Зиҳӣ чунин Пешво бо хираду маҳоратии созандааш.

Нури Роғун шӯълаи хуршеди бахти мо бувад,

Такядори рӯзгору бахту тахти мо бувад,

Нури хуршеди саодат оташи меҳри ватан.

Шӯълаи умед андар рӯзи сахти мо бувад.

Роғун ин дам баҳри мо як имтиҳони зиндагист,

Имтиҳоне, дар раҳи озодиву пояндагист.

Миллате, к-олам намуд тасхир бо нури хирад,

Ин замон нурофару устод дар созандагист.

Боиси фараҳмандист, ки дар сохтмони НБО «Роғун» , ки иншооти бузурги аср ба ҳисоб меравад, дар давоми солҳои 2009-2018 ҷавонони саодатманди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар қатори дигар сокинони кишвар саҳми босазои худро гуштаистодаанд. Ба 1 ноябри соли 2018 дар сохтмонҳои асосӣ 358 нафар ҷавонони ноҳия кору фаъолият доранд. Инчунин дар арафаи ба истифода дода шудани якуми чархи НБО «Роғун» дар қатори 47 нафар аз Ҷумҳурӣ, 2 нафар аъзоёни фаъоли ҲХДТ аз ноҳия бо Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, ки ин боиси ифтихори мо ҳизбиён мебошад.

Абдулҳаев Маҳмасаид-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg