БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба созандагиву бунёдкорӣ сафарбар гардиданд …

Ш.ШОҲИН. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии ба номи «Нуриддин Маҳмудов» хониши сиёсӣ  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ доир намуд.

Дар хониши сиёсӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳия  иштирок дошта, доир ба сафари кории Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Данғара, ба кор даромадани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ташаббусҳои неку созандаи  Пешвои миллат дар масоили  глобалии об,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ,  дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» анҷом додани  корҳои  хайру сахо ба хотири  баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон ва ҳалли мушкилоти онҳо,  рушди ҳунарҳои мардумӣ,  тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳудогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоту арзишҳои волои давлатӣ,  риояи талаботи қонунҳои миллӣ, ки ин ҳама  аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, андешаронӣ карданд. 

Дар охир Маҳмудов Муслиҳиддин раиси ташкилоти ибтидоии болозикр  суханрониҳои судманди масъулинро ҷонибдорӣ намуда, афзуд, ки   дар якҷоягӣ бо фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  минбаъд низ сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ-ро дастгирӣ намуда, баҳри ободии кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg