ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Хирманҷои ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насим Сабурзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Ализода Фарзона, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон ва сокинони деҳаи болозикр доир гардид.
Дар чорабинии мазкур тамоми ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои кишоварзии дастранҷи мардуми деҳа ба намоиш гузошта шуда буд. Гузашта аз ин дар чорабинӣ бонувони ҳунарманди маҳалла чанд навъ хӯрокҳои миллиро омода намуда будан, ки тавонистанд ҳунари катбонугии хешро ба дигарон нишон диҳанд.
Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҷумагул Шомаҳмадова вобаста ба амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз онҷумла, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва пешгирии роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади таъмини солимии маънавиёти ҷомеа, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа ва тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа муфасал баромад намуданд.
Ҳамчунин дар рафти чорабини Шомаҳмадова Ҷумаъгул оид ба муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ баромад намуда, иброз намуд, ки бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳия як қатор чорабиниҳои таблиғотии ҳизбӣ дар маҳаллаву деҳаҳои ноҳия баргузор гардида истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки: -«Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Чунки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд».
Дар фарҷоми чорабинии мазкур занони ҳунарманди деҳа, ки ба дӯхтану бофтани матоъҳои миллии хоси мардуми тоҷик машғуланд ваъда доданд, ки соли 2018- Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумиро самаранок истифода бурда, дар ин сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулотҳои дастранҷӯ истеҳсолиашонро нисбат ба солҳои қаблӣ бештар истеҳсол хоҳанд кард.