БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қадами устувори мо дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар!

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Шар-Шари ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба истифода дода шудани чархи якуми НОБ-и Роғун ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор  гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  доир ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи  Данғара аз санаи 5-уми ноябри соли равон,   ба фаъолият оғоз намудани  агрегати аввали НОБ-и Роғун,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози андеша намуда, ҳамагонро бароироҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” даъват карданд.   

Дар қисмати фарҳангии  вохӯрӣ бошад сокинон бо шукргузори  аз фазои сулҳу ороми кишвар намоиши ҳунарии хешро ба маърази намоиш гузоштанд, ки аз ин намоишгоҳ масъулин дидан карда,беҳтаринҳо барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи маҳал”, “Тарроҳи беҳтарин”  даъват гардиданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg