ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту муассиса ва деҳаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Халилзода Сафар дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла дастуру супоришҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, хатари рӯз то рӯз афзояндаи терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбуҳаракатҳои тундгаро, оқибати бади тақлиди кӯркӯрона ба урфу одат ва фарҳанги бегона, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир ва дигар самтҳои муайянгардида ба таври муфассал маълумот дод.
Дар баромад ҳамчунин дар бораи ба кор андохтани чархаи аввали НОБ - и Роғун сухан рафт. Халилзода Сафар оғози кори чархаи аввали калонтарин нерӯгоҳи барқи оби Роғун дар Осиёи Миёнаро рӯйдоди муҳими таърихӣ арзёбӣ намуда, аъзои ҲХДТ-ро бори дигар ба ин муносибат табрику таҳният гуфт ва аз аъзои ҳизб дархост ба амал овард, ки дар таблиғи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ саҳмгузор бошанд.