ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати чор нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик ошно шуданд ва ба онҳо мувофиқи имкон кӯмак намуданд.
Иқдоми навбатии ҳизбиён дар ноҳия бори аввал набуда, дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста корҳои хайру сахоро дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ ба шахсони ниёзманди ҷомеа, маъюбону ятимон, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва беморону барҷомондагон мерасонанд. Дар арафаи санаи муҳими таърихӣ, яъне Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ватандӯстонаи ҳизбиён меҳтарони ҷангу меҳнатро сарфароз карда, онҳо изҳори миннатдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд.