Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат амал мекунем!

ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар Гимназияи давлатии ба номи Ҳокимшоҳ Ҳафизов  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимнан Маҳмадсаид Раҷабзода дар назди ҷамъомадагон аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия Данғара рӯзи 5-уми ноябри соли равон, самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъияти сиёсиву иҷтимоӣ дар ВМКБ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ёдоварӣ  карда, ҷамъомадагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас, тарбия кардани онҳо дар руҳияи  баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, вусъати кишту кори тирамоҳӣ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз суханрониҳои Роҳбари давлат дар ноҳияи Данғара бармеоянд, даъват намуд. 

Дар охир  омӯзгорону кормандони Гимназия давлатии ноҳия сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ-ро ҷонибдорӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg