ПАНҶ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Андиҷони ҷамоати деҳоти Мехвари ноҳия чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар робита бо маҳал баргузор гардид.
Иштирокдорон аъзою ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Андиҷон ва масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия буда, чорабинӣ бо намоиши ҳунарҳои мадуми маҳал оғоз гардид.
Масъулони ҳизб дар назди ҷамъомадагон оид ба тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, омӯхтани ҳунарҳои миллӣ бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки урфу одат ва анъанаҳои гузаштагони миллати тоҷик саршор аз хусусиятҳои башардӯстист ва хунари воло бошад муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад. Дар бобати эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ мардуми деҳа хушнуду сарфароз буда, баргузории чорабиниҳоро вобаста ба ин ташаббус бо ҳавасмандӣ баргузор менамоянд. Сокинон ҷонибдори сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат буда, ҳамаҷониба баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари хирадпеша ва дурандеш саъю талош меварзанд.
Дар идома баромадкунандагон оиди пешгирӣ намудани ҷавонони кишвар аз дассисаю иғвогариҳои гурӯҳҳои террористию экстремистии ҲНИ, Гурӯҳи-24 ва амсоли онҳо, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардидаанд, ёдрас шуданд. Қайд шуд, ки мафкураи ҷавононро танҳо ба роҳи бунёдкориву созандагӣ ва ободонии кишвари худ равона созанд.