БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдомҳои созандаи ҲХДТ – ро ҷонибдорем!

КУШОНИЁН. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа дар деҳаи Барои  Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Заргар  чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

Сокинони ватандӯсти деҳа дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда,   маҳсули дастранҷи худ аз анвои пухту пази нонӣ,  хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот,  қуроқдӯзӣ ва  гулдӯзиву попурӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумиро бо шаклу услуби  хоса ба маърази тамошо гузоштанд.

Зимни баргузории чорабинӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара  ва дигрон иштирок намуда,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба  ба истиқболи  ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи  эълон кардани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани  сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои  неки мардумӣ  дар  байни сокинон  бо мақсади тарбияи  ахлоқию маънавии ҷомеа ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,  солҳои  2018 - 2028”   баромадҳо намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотири ҳозирин намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg