КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Нахуст, дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб” Пириев Саидаҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.
Файзуллоев Алишер қайд дошт, ки бо талошҳои зиёд ва ҷидду ҷаҳди беандозаи Сарвари давлати тоҷикон сохтмони онро аз нав оғоз карда, дар муддати расо 10 сол (солҳои 2008-2018) агрегати нахустини ин кохи муҳташами нурро ба кор даровардаанд. Тавлиди нур-ин тавлиди бахти нави халқи тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар охир гуфта шуд, ки ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат муаззами миллат марҳилаи навро дар ҳаёти халқи тоҷик боз карда, ба рушди минбаъдаи он асоси воқеӣ мегузорад.