ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Насли наврас” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки барномаи ҲХДТ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Ваҳобиддин Аюбдуллоев иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимнан Ваҳобиддин Абдуллоев мақсади хониши сиёсиро ба ҷамъомадагон фаҳмонида, дар бораи таълиму тарбияи фарзанд, оид ба мавқеи занону модарон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби ҷавонон ба таҳсилу касбомӯзӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила, никоҳи хешутаборӣ, пешгирӣ аз бемории сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия, ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуд.
Инчунин, дар идома роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Насли наврас” З.Амиров афуд, ки барои тарбия намудани насли наварас дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар ба фарзандони худ шароити зарурӣ фароҳам оваранд.
Ҳамзамон, дар рафти хониши сиёсӣ қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб намуда истодаанд. Ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ нагардида, бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда, бо истифода аз тинҷиву оромии кишвар барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.