БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

24-соли натиҷабори мо бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ таҳти роҳбарии и.в.раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи «Гулобод»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бо сокинони деҳот  доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар, махсусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  инчунин фаъолияти босамари ҲХДТ давоми 24 сол  андешаронӣ карда,  қайд намуданд, ки  боварии мардум  нисбат ба ҲХДТ зиёд гашта,  минбаъд бо ҳизб баҳри пойдории сулҳу субот ва рушди кишвар пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар қисмати дигари вохӯрӣ аз ҷониби  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба омӯзгорони нав ба кор таъингардида,ки ба унвонии Кумитаи иҷроия барои аъзо шудан ариза пешниҳод карда буданд дар вазъияти тантанави шаҳодатнома ва нишони сарисинагии  ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg