БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳраки Восеъ

ВОСЕЪ. Бо мақсади баргузории чорабиниҳои нақшавӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ин навбат дар кӯчаи Исмоили Сомонии ҷамоати шаҳраки Восеъ бо иштироки кормандони маъсули Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумиро баргузор намуд.

Зимнан муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда,  иброз намуд, ки яке аз хизматҳои барҷастаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷот додани Тоҷикистони азиз аз нестшавӣ, муттаҳид намудани мардум, хотима бахшидан ба хунрезиҳо, бунёдкорию ободонӣ, раҳнамоӣ кардани сокинони кишвар бошад, яке аз хизматҳои бузурги дигари Пешвои миллат ин сохтмони иншооти тақдирсози миллати тоҷик НБО-и “Роғун” мебошад, ки бо анҷоми сохтмони он зиндагии озоду шоистаи тамоми тоҷику тоҷикистонӣ таъмин мегардад.

Бинобар ин моро зарур аст, ки ин хизматҳои бузурги Пешвои миллатро фаромӯш насозем ва ҷавобан ба ин ғамхориҳо барои ободиву бунёдкорӣ ва зебогии кишвари азизамон саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg