ВАХШ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тибби ҳаққиқат» дар мавзӯъи «Ҳифзи сиҳатии мардум масъулияти кормандони соҳаи тиб мебошад» хониши сиёсӣ доир намуд.
Дар чорабинии мазкур дар қатори кормандони соҳаи тибб, инчунин бошандагони маҳалла низ иштирок намуданд. Вохӯрии мазкуро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов оғоз намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар баробари дигар омилҳои хатарзо ба генафонди миллат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан бемориҳои ВНМО/АНМО (ВИЧ/СПИД) ва Гепотити С бисёр ташвишовар аст. Дар маҷмӯъ кайд шуд, ки бемориҳои сироятӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: табоботшаванда, ки таҳдидашон ба ҳаёт пасттар ва табобатнашаванда бо таҳдиди марги ногузир. Тибқи нишондоди оморӣ дар ҷаҳон ҳар рӯз ҳазорҳо нафар ба ВНМО (ВИЧ/СПИД) гирифтор мегарданд, ки 50%-и онҳо ба ҷавонони аз синни 10 то 25 сола рост меояд. То имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 35 миллиону 500 ҳазор нафар беморони АНМО (СПИД) умр ба сар мебаранд.
Ҳамчунин, дар рафти суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов дар бораи мазмун ва муҳтавои «Одобномаи корманди ҳизбӣ» суханронӣ намуда, таъмини иҷрои талаботҳои онро аз аъзои ҲХДТ хоҳиш намуд.