БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизби зодаи даврони истиқлоли кишвар буда, ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додааст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Азия” тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил ва мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок намуданд.

Ализода Одил доир ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  “Ба мардум фаҳмонидани  моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа”  суханронӣ намуд.

Сипас,  дар идомаи андешаронӣ  масъулин  китоби “Одобномаи корманди ҳизбӣ”,  ки аз ҷониби  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ  ба табъ расидааст,  баррасӣ карда,  ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз ҳавзаи интихоботи №9 ба Оймаҳмадов  Илҳом тақдим карда,  ҷамъомадагонро ба  24- солагии таъсисёбии ҲХДТ шодбош гуфта,  қайд намуданд, ки  аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҲХДТ қувваҳои солими ҷомеа ба ин ҳизб таваҷҷӯҳ пайдо карда, бо роҳбарӣ ва ҳидояти Раиси  муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд чомеаро аз вартаи нестӣ раҳо бахшанд.

ҲХДТ дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст. Дар ин бора Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барҳақ таъкид доштанд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додаву барои садоқати халқ ва ободии Ватан саъйю талош меварзад.”  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg