БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчам рамзи соҳибистиқлолии давлату миллат аст

ШАҲРИТУЗ. Дар маркази ноҳияи Шаҳритуз бахшида ба ҷашнгирии  санаи муҳимми таърихӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  нишона аз давлату давлатдории миллии Тоҷикистони азиз бо иштироки фаъолонаи ҷавон раҳпаймоии тантанавӣ гузаронида шуд, ки дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  иштирок доштанд.

Дар ин рӯзи фараҳ сокинони ноҳияро хурсандииашон ҳадду канор надошт ва бо шукргузорӣ аз сиёсати ватандӯстонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  даст шиору навиштаҷотҳо, овезаву парчамҳои давлатӣ  аз  кӯчаи марказии ноҳия гузашта,  ба сӯи  боғи фарҳангии ноҳия раҳсипор гардиданд.

Иштирокдорони раҳпаймоӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия ҷамъ омада, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ҷашн гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg