БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчами мо парафшон бод!

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  таҷлили Рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеъи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар маркази  ноҳия,  шаҳраки  Баҳор  роҳпаймоии ҳизбӣ  таҳти унвони “Парчами мо парафшон бод!  баргузор  гардид.    

Ҷавонону  наврасон  дар даст Парчам, навиштаҷоту овезаҳо ва аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ намуда,  дар  майдони  назди  Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъ  омаданд.

Чорабинии тантанавиро узи Кумитаи иҷроияи  вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ раиси ноҳияи Носири Хусрав Садриддинзода Нуриддин Талбак  ифтитоҳ намуда қайд кард, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як нерӯву тавони ҷавонмардона дар давраи хело ҳасосу барои миллат тақдирсоз  роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон пойдор гардониданд.                                                                       Дар Иҷлосияи сарнавиштсози миллат ХV1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид.  Дар ин Иҷлосия сарвари тозаинтихоби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром парчамро бўсида, сипас ба иҷрои вазифа шурӯъ намуд. Зери ин ливои ба ҳам оварандаи миллат мо дар муддати кӯтоҳ ба низову даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем.

Дар ҷаҳони имрӯза ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути парчами он мешиносанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангию маънавии мо мебошад, зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатии мо маҳсуб  мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg