БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчам рамзи давлатдории миллӣ

ФАРХОР. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар ва Раҳмонов Далер дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид.

Чорабиниро хонандагони ин муассисаи таълимӣ бо қироъати шеър ва маърӯзаҳо дар васфи Парчам кушода, оид ба таърихи қабул ва аҳмияти он дар низоми давлатдорӣ суханронӣ намуда,  оид ба мавриди истифода қарор гирифтани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, атрофи таълиму тарбияи насли ҷавон ва баланд бардоштани худшиносӣ ва худогоҳӣ дар замири ҷавонон суханронӣ карданд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ сокинони деҳаҳои Роҳи нав ва Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд, ки ҳамагон аз ин намоишгоҳ дидан карда, ба ҳунару маҳорати баланди онҳо баҳоли хуб доданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg