БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши ҲХДТ дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ аҳли ҷомеа бузург аст!

ПАНҶ. Яке аз хатарҳое, ки ба раванди рушди устувори давлат монеъа эҷод мекунад, ин коррупсия мебошад.  Имрӯз зарур аст, ки  барои паст кардани сатҳи коррупсия ҲХДТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар  канор набошанд.

Вобаста ба ин мавзӯи мумбари рӯз ва муҳтавои самтҳои асосии афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар ташкилоти ибтидоии деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоӣ, раисони маҳаллаҳо бо роҳандозии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ мулоқот  баргузор гардид. Зимни суханронӣ  масъулин  оид ба ин падидаи номатлуби ҷомеа – коррупсия ва сабабҳои пайдоиши он андешаронӣ намуданд. Қайд шуд, ки яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани коррупсия паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аст.  Аз надонистани  ҳуқуқҳои худ ва ӯҳдадориҳои қонунии шахсонӣ мансабдорони давлатӣ, ки албата шаҳрвандон ба онҳо аз рӯи зарурат ва эҳтиёҷот муроҷиат менамоянд ва барои иҷрои корашон ба онҳо «ҳаққи хизмат» медиҳанд, амалҳои коррупсионӣ содир мешаванд.

Аз ин рӯ, яке аз вазифаи асосии ҳизбиён ва аҳли ҷомеа ҳисси нафратро нисбат ба коррупсия бедор сохтан аст. Ҳамзамон, зарур аст, ки  тамоми кушишу ғайрати худро барои батараф сохтани ин падидаи номатулуб равона созанд, то ин ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Зимнан, раиси ҷамоати деҳоти Намуна Гулов Сафаралӣ оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ақидаронӣ намуд. Иброз дошт, ки ба таъмини риояи қонунҳо ва меъёрҳои муайяншудаи сиёсиву ҷамъиятӣ  ва ахлоқиву маънавӣ аҳли ҷомеа, махсусан калонсолон бояд аҳамияти  ҷиддӣ диҳанд. Ин боис мешавад, ки насли наврас дар оянда ҳамчун шахси бомаърифат ва бомаданият  тарбия ёфта, ифтихори падару модар ва Ватан мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg