ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳо дар нимсолаи дуюми соли равон дар ҷамоати шаҳраки Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафарова Ҳафиза ва кормандони ҷамоати мазкур хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории хониши сиёсӣ Сафарова Ҳафиза вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои барномавии он, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ, ҷалб намудани шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, ободкориву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳо ибрози андеша намуд.