БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ҶАБҲАИ НОМУСИ МИЛЛИСТ!

АНДЕША. Аз оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ду сол сипарӣ гашт. Тирамоҳи соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш иваз карда шуда, ба бунёди ин мавзеъи муҳими иншооти аср оғозӣ расмӣ бахшида шуд.

Дар он рӯзи фаромӯшнашаванда Пешвои муаззами миллат худ савори техникаи ҳамворкунанда аз соати 10-и субҳ то 11:30, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро иваз карда, обро тариқи нақбҳои бузурги обгузар равона сохта, ба бунёди сарбанди НБО “Роғун”, ки барои мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаёту мамот ҳисоб мешавад, ҳусни оғоз бахшиданд ва онро «яке аз марҳилаҳои муҳимми сохтмони ин иншооти бузург» арзёбӣ намуданд.

Ба истифода супоридани ин нерӯгоҳ барои мунтазам амал намудани иқтисодиёти кишвар ва ҷойи кории доимӣ шароит таъмин мегардонад. Аз моҳи ноябри соли 2018 чархи якуми нерӯгоҳ кушода шуда, ба истеҳсоли нерӯи барқ шурӯъ менамояд. Ҳангоми пурра ба истифода додани ин нерӯгоҳ 6 агрегати он бо иқтидори 3600 Мв фаъолият менамояд. Пешвои миллат барҳақ дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи кӯҳан ба ахтари ҳамеша тобон хоҳад дод.

Имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.

Халқ зарурияти Роғунро хуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати ин иқдоми созанда бо ҳамовозӣ нишон дод, зеро бунёди НБО-и “Роғун” армони миллати мост. Хулоса, фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО “Роғун” вобаста аст.

Пешвои миллат дар рӯзи оғози корҳои сохтмонии сарбанди ин иншооти муҳим зикр намуданд: «Имрӯз рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад».

Чунин суханони пурҳикмати Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худ маънои хос доранд, зеро ҳадаф аз сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Яъне пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқии обии «Роғун» Ҳукумати мамлакат ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии худ мерасад.

Дар ин росто аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун сиёсати созандаву хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо хусусан истифодаи сарфаву саришатокоронаи нерӯи барқ бо мақсади расидан ба истиқлолияти комилӣ энергетикӣ, пардохти саривақтии ҳақи истифодаи он, истифодаи таҷҳизоту техналогияҳои каммасраф пайваста дар деҳаву маҳаллаҳо бо аҳли ҷамоатчигӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотӣро роҳандозӣ намуда истодааст.

Тавре ба ҳамаи мо маълум аст, санаи 16 ноябри соли равон – дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд.

Воқеан ҳам ҳар яки мо шаҳрванди ватандустро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Фикри имрӯзу ояндаи худ ва фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳиси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳмгузор бошем.

Ҷумъагул ШОМАҲМАДОВА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg