БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар манбаи рушди иқтисодист!

ХУРОСОН. Дар ташкилоти ибтидоии «Баҳористон»-и ҷамоати деҳоти Фахробод бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  рушди ҳунарҳои мардумӣ,  омӯзонидану ҷалби  ҷавонон ба касбу ҳунарҳои неки ниёгон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои  хатаовари ташкилотҳои террористиидар Тоҷикистон мамнуъ, риояи талаботии қонунҳои миллӣ,  ба волидайн фаҳмонидани  моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ,  баланд бардоштани савияи дониши наврасон дар муассисаҳои таълимӣ,   баррасии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ масъулин аз ҳунару ҳунармандии занону модарони ҳунарманди  деҳа аз наздик шинос шуда, ба ҳунару маҳорати волои онҳо аҳсану офарин гуфтанд ва барои бо дастовардҳои назаррас ҷамбаст кардани  Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ даъват намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg