БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчами мо бахту иқболи мост!

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Саидҷалол Саттров дар  Гимназияи давлатии ноҳия ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.

Дар назди ҷамъомадагон Саидҷалол Сатторов баромад намуда, дар бораи парчамдории миллати тоҷик, Парчами давлатӣ ҳамчун ифодагари давлату миллати тоҷик, мазмуни ранг ва тоҷе, ки дар он акс ёфтааст, истифодаи парчам ва дигар хусусиятҳои ин рамзи волову муқаддас муфассал сухан ронд.

Дар ҷамъомад аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баромад намуда, дар васфи Парчами давлатӣ шеърҳо қироат карданд.

Чунин ҷамъомади бошукуҳи тантанавӣ ба ифтихори ин санаи муборак дар маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, эмбандӣ ва тропикии ноҳия низ гузаронида шуд.

Ҳозирин аз баромади мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаииҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов  дар бораи Парчами давлатӣ маълумоти муфассал пайдо намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg