БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо Ватанамонро сидқан дӯст медорем!

ПАНҶ. Ба ифтихори ҷашнҳои муҳимми давлатӣ, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Иҷлосияи тақдрисози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Ободони ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар назди ҷамъомадагон Шомаҳмадзода Музафар- мудири шуъбаи иттилоот, таблиғот ва матуботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда, аввалан аҳли нишастро бо ин санаҳои муборак табрик намуда,  баъдан оид ба  хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳияти  Парчами давлатӣ ва аҳамияти  Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   муффасал баромад намуд.

Дар баромад ҳамчунин дар бораи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сухан рафта, қайд гардид, ки ояндаи Тоҷикистон ба соҳаи энергетика вобастагии калон дорад. Хушбахтона, бо ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии Роғун Тоҷикистон қадами аввалинро дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошт.

Ҷавобан , фаъолони маҳал бо сипосгузорӣ аз фазои сулҳу суббот ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «Мо Ватанамонро сидқан дӯст медорем ва дар таҳкими сулҳу суббот ва созандагиву бунёдкорӣ саҳми арзандаи хешро мегузорем».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg