БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ҷонибдорӣ ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошанд

МӮЪМИНОБОД. Дар деҳаи Дӯстии  ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳия бо сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар  шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Дар маҷлис вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳадафҳои барномавии он, самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ, ҷалб намудани шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои хоҷагии халқ ибрози андеша намуданд.

Инчунин,  дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, раиси он узви фаъоли ҲХДТ  Шарифова Ҷамила  интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg