БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Чорабинии ҳизбӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҳал

КУШОНИЁН. Дар деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Заргар бо сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа чорабинии ҳизбӣ доир гашт.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Заргар А.Абдуллоев иштирок намуданд.

Иштироккунандагон дар баромадҳояшон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарварӣ, истифода аз захираҳои бойи таърихии миллати тоҷик, эҳёи анъанаҳои неку ҳунарҳои мардумӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ намуданд.

Сокинони ватандӯсти деҳаи Пахтакор дар чорабинии ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ аз анвои пухтупази нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷот, қуроқдӯзӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотирии ҳозирин намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg