БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҷлили Рӯзи Парчам давлатӣ дар Кӯлоб бо иштироки васеъи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб

КӮЛОБ. Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фароҳам овард.

Дар ин фазои сулҳу субот бо ифтихори баланди ватандорӣ ва ватанпарастӣ рӯзи 24-ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи марказии шаҳри Кӯлоб роҳпаймоӣ бо иштироки васеъи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар даст парчам ва шиору овезаҳо доир карда шуд.

Зимни роҳпаймоӣ, ки аз назди боғи фарҳангию фароғатии шаҳр то назди муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб идома ёфт, дар он аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи аксияи ҳизбӣ варақаҳои таблиғотиро дар бобати кушодашавии нахустин чархаи НБО-и “Роғун” тақсим ва дастраси иштирокдорони роҳпаймоӣ намуданд.

Баъдан дар майдони муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Бояд гуфт аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg