БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчам- муқаддасоти миллӣ ва ифтихори миллат

ҚУБОДИЁН. Бахшида  ба муносибати Рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  то назди бинои Қасри Фарҳанги ноҳия бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун аз ташкилоту муассисаҳо, толибилмони муассисаҳои таълимӣ , донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва омӯзгорӣ , аъзои намояндагии ТҶҶ  “Созандагони Ватан” роҳпаймоӣ баргузор гардид.

Дар роҳпаймоии мазкур ҷавонон бо аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиору навиштаҷотҳои “Пешвои мо- ифтихори мо” , “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон”, “Парчамат ҳамеша парафшон бод Тоҷикистонам” , “Мо ҷавонон посдори сулҳу ваҳдатем” дар шоҳроҳи маркази ноҳия роҳпаймоӣ намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” барномаи консертӣ пешкаши аҳолии ноҳия гардонида шуд, ки  табъи иштирокдоронро дар ин рӯзи хотирмон болида гардониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg