ВАХШ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара раҳпаймоии тантанавӣ баргузор гардид.
Ҳайати кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо самимяти беандоза ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ -Парчами давлатӣ дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.
Парчам ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми мо буда, волотарин мароми миллати тоҷикро дар рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва Асъори миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ маҳсуб мешавад. Миллате, ки соҳиби истиқлолияти комил аст, дорои муқуддасоти миллист. Парчами Тоҷикистон муаррифгари миллати тоҷик буда, нишони далерӣ, матинию шуҷоат ҳисоб меёбад. Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик дарҷ шудааст, ки халқи тоҷик дорои таърихи дуру дароз, фарҳанги бою ғанӣ буда, бо номҳои Алам, Ливо, Дирафш, Байрақ, Роят ва Парчам ёд мешаванд.
Парчами давлатӣ, барои мо тоҷикон, нишони бақои миллат, давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихи халқи азизамон мебошад.