БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардум атрофи ғояҳои миллӣ муттаҳид гардидаанд

ВАХШ. Дар Ташкилоти ибтидоии «Давлатали Зардов»-и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тантанаҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таҷлили бошукуҳи Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳимми таърихӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии аҳли ҳунармандону заҳматкашони деҳаи ба номи Давлатали Зардов дидан ба амал оварда, ба офарандагони нигораҳои мардумӣ ва маҳсулотҳои кишоварзӣ баҳои баланд доданд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ атрофи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва таъмини иҷрои талаботҳои қонунҳои миллӣ ибрози андеша намуд. Мавсуф дар хотимаи суханронии худ мардумро ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин чархаи НБО “Роғун” табрику муборакбод намуд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ин чорабинии ҷашнӣ хатнасури 5 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Дар хотимаи қисмати тантанавии чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои ноҳияву вилоят пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg