БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азизам!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Аловуддин Амирзода, рохбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар нохияи Ҷалолиддини Балхӣ Нуруллоев Саъдулло дар МТМУ № 7, бахшида ба иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид.

Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оиди ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун», дастовардҳои даврони Истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон, омодагиҳо ба ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла, бемориҳои сироятии ВНМО суханрони намуд.

Баъдан муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Аловуддин Амирзода, баромад намуд зикр гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатӣ соли 2009-ум рузи 24–уми ноябрро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи идҳои давлати санаи навро ворид намуд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Бинобар он акнун ҳар сол Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад. Хушбахтона баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибихтиёрӣ аз нав соҳиби Парчами давлатӣ гардид.

Дар идомаи чорабини оид ба баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ҳизб, ҷалби фаъолон ба сафи ҲХДТ сухан рафт. Дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар омӯзгорон Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg