БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тантанаҳои Роғун идома доранд

ШАҲРИТУЗ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Шаҳритуз вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор  гардид. Дар вохӯрӣ кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, директории муассисаи таълимӣ оид ба  кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун ҳарф зада, қайд намуд, ки ин ҳама аз дастовардҳои замони соҳибистиқлоли буда, намунаи қаҳрамонӣ ва дастаҷаъмии халқ ва Ҳукумати кишвар  мебошад.

Баъдан кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар, баланд бардоштани дониши насли наврас,  идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат, риояи табалоти  қонунҳои миллӣ, аз ҷумла “Дар бораи масъулияти падарумодардар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша карда, иштирокдоронро барои расидан ба қадри сулҳу суботи кишвар ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбари давлат  нисбати шаҳрвандон, аз ҷумла омӯзгорон раҳнамоӣ намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg