БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маориф сарчашмаи маърифат аст!

ТЕМУРМАЛИК. Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо  дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо  вохӯрии навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев   баргузор гардид, ки дар он  раиси Кумимтаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид ва  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабов Ҷаҳонгир  иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимнан Раҷабзода Маҳмадсаид дар  хониши сиёсӣ дар  мавзӯъи Оиннома ва барномаи  ТҶҶ «Созандагони Ватан»   инчунин,  вобаста ба истифодадиҳии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ    дар назди ҷамъомадагон фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.

Дар идомаи суханрониҳои худ раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва омӯзгори муассисаи номбурда Беҳрӯзӣ Элмурод  вобаста ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи илму маориф ҳарф зада,  иброз дошт, ки мо омӯзгорон сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, дар оянда насли наврасро дар руҳияи баланди  ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия менамоем. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg