БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчами мо дар фазои сулҳу субот парафшон аст!

ПАНҶ. Парчам аз рӯзи қабули он дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба муқаддасоти маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд.

Рӯзи парчами давлатӣ имсол дар рӯзҳои ба истифода додани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне рӯйдоди воқеан таърихӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон таҷлил мегардад. Парчами давлатӣ чун яке аз рамзҳои давлатӣ дар низоми давлатдории мо 24-уми ноябри соли 1992 ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишони соҳибихтиёрӣ аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Аз ин ҷост, ки 24-уми ноябр- Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рўзи ид мақоми қонунӣ гирифт ва он дар сатҳи баланд, бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин ҷашни арзишманди тоҷикон дар маркази ноҳияи Панҷ бо иштироки фаъолон, кормандони ташкилоту идораҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли сокинони ноҳия ҷамъомади бошукуҳи идона барпо гардид.

Нахуст, раиси ноҳияи Панҷ Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабуд ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, ба ҳозирин бурдбориҳо таманно намуд. Зимни суханронӣ оиди аҳамият ва моҳияти Парчами давлатӣ ёдовар шуда, ҳамзамон оиди бо ифтихор кушода шудани агрегати аввали неругоҳи барқии Роғун низ ибрози андеша намуд.

Дар идома аз тарафи муҳасилини муассисаҳои таълимии ноҳия барномаи фарҳангӣ ва варзишгарони мактаби варзишии ноҳия ба номи Мавзуна Чориева машқҳои гуногуни варзишӣ намоиш дода шуд. Ҷамъомади тантанавӣ бо ҳамоиши аҳли ҷамоатчигии ноҳия бо роҳпаймоӣ  аз шоҳроҳи марказии ноҳия бо парчамҳои давлатию  ҳизбӣ,  шиору овезаҳо,гулу гулдастаҳо ва аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои мусиқиҳои ватандустона ҷамъбаст гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg