БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН – КОХИ НУРУ ЗИЁИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Тоҷикистони мо дар солҳои иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби чанд НБО-ҳои хурд ва миёна буд. НБО “Норак” сохта шуд. Тавоноиҳои ҳамаи ин неругоҳҳо наметавонистанд талаботи халқ ва иншоотҳову таҷҳизотҳои барқиро кифоят кунанд. Бар болои ин талабот рӯз ба рӯз ба барқ меафзояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Россия ва Эрон неругоҳҳои Сангтӯда-1 ва 2-ро сохтанд. Барқи истеҳсолшудаи ин неругоҳҳо, тибқи шартномаҳои пешакӣ, байни фармоишгар ва пудратчӣ тақсим карда мешавад. Нангу номус, халқпарварӣ ва ватандустии беҳаду канори роҳбарият ва Сарвари ғамхору созандаву бозсозӣ тоҷик боис шуду ҳама якҷоя, дар ҳамбастагӣ ба сохтмони НБО “Роғун” ба кор оғоз карданд. Ин амри воқеъӣ дар аввал як афсона, як хаёл менамуд. Аксарият боварӣ надоштанд, ки ин иншооти бузург, технологияи муосирро Тоҷикистон битавонад дар алоҳидагӣ бисозад. Лоиҳаи ин НБО соли 1977-асри ХХ аз ҷониби мутахассисони шӯрави тарҳрезӣ шуда буд.

Ҳукумати абарқудрати Шӯравӣ натавонист ин иншооти аср, иншооти бузурги энергетикиро бисозад. Ана ҳамин муҷиб боиси нобоварии одамон ва баъзе шахсиятҳои мансабдор гардида буд. Бале дар тасаввур амалӣ шудани ин азм намеғунҷид.

Чуноне аз матбуоти даврӣ медонем зиёда аз 21000 сокинони мамалакат дар бунёди ин иншооти азим кору фаъолият доранд. Ин мардуми сарбаланд, аз дастгириҳои Пешвои миллат, аз ҳимматбаландии Ӯ рӯҳу илҳоми гирифта, бо нерӯи созанда, азми қавӣ, имони комил кор карданд. Собит сохтанд, ки барои сомон додани корҳои бузург қодиранд, дарёи пурталотуми Вашх пеши сохтмончиёни қавирӯҳу фотеҳони диловари тоҷик сар фуруд овард.Бо иродаи ва ҷасорати бузурги халқи тоҷик ва Сарвари он маҷрояшро дигар намуд. Худи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси чамбараи булдозер нишаста, пеши роҳи Вахшро баст. Дар саҳифаи таърихи халқу давлат, дар қатори корнамоиҳои бузург ин корнамоӣ низ бо ҳарфҳои заррин сабт шуд. Ин ифтихори миллат аст!

Ин рӯшноии мулки моро дида, дӯстонамон шод ва душманонамон кур мешаванд. Ин дурахш, ин ҷилои рӯи лолагуни созандагон, халқи Тоҷикистони азиз ,дар кишвар нағунҷида, ба гирду атрофи Ватани мо интиқол меёбад. Рӯи бародарони ҳамсояро ҳам лолагун месозад, ба дилҳояшон нуру зиё вуруд менамояд. НБО “Роғун” ба маънии том ифтихори хурду калони тоҷик буда, рамзи ободӣ, шукуфоӣ аст ва бешак, ба зиндагии мо, ба дастурхони мо файзу баракат мерезад. Бори зиндагии ҳар як Тоҷикистониро сабук сохтаву дар ботини мо нуру зиёву шодӣ ва равнақро зиёд месозад дили ҳар як бошандаи кишварро ба оянда гарм сохта, муҳаббаташро бепоён месозад. Мо мардуми Тоҷикистон аминем, ки “Роғун” пурра сохта мешавад ва бо азму эътиқоди бепоён нисбат ба халқу ватани хеш Тоҷикистон боз ҳам ободтар мегардад. Борҳо шунидаам, ки Пешвои миллати мо аз бузургӣ, нангу номус, созандагӣ ва бунёдкории тоҷикон сухан карда, ба ин сифоти азалии мардум эътимод доштанашро иброз доштааст. Дар воқеъ, мо тоҷикон миллати худододаем ва таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон ҳатман ба ҳама орзуву ниятҳои неку созандаамон мерасем.

Суҳроб Раҳимов – узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg