БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ ПЕШРАФТА ТАБДИЛ МЕДИҲАД

АНДЕША. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон се ҳадафи стратегиро пешниҳод карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаю тарақикарда мубаддал мегардад.

Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикиӣ дар кишвар бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ-обӣ оғоз гардида, хатҳои баланддшиддати нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Айни замон НБО “Роғун” ки иншооти муҳимми аср мебошад қариб 16 ҳазор мутахассисон кору фаъолият доранд, ки қисми зиёдашонро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Дар ин иншоот зиёда аз 2100 адад техникаву мошинҳо сафарбар гардидааст, ки шабонарӯзӣ кор мекунанд.

Тадбирҳои дурусту талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Роғунро ҳимоят кард ва мо ба ин рузҳои хушбахтӣ расидем. Ҳоло тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бунёди сохтмони ин неругоҳро эътироф мекунанд. Инак агрегати аввали НБО “Роғун” низ ба кор даромад, ки боиси хушҳоливу хушбахтии кулли сокинони кишвар гардид.

Дарғоти баландтарин то ҳоло дар ҷаҳон дарғоти НБО “Норак” мебошад, ки баландии он 300 метр аст. Акнун дарғоти баландатарин дар ҷаҳон дарғоти НБО “Роғун” мешавад, ки баландии он 335 метр мебошад. НБО “Норак” аз ҷиҳати иқтидор дар ҷаҳон ҷой 22 юм ва НБО “Роғун” дар ҷаҳон аз ҷиҳати иқтидор ҷой 15-умро мегирад. Пас аз неругоҳи барқи обии Уст-илимки Рассия, ки иқтидораш 3800 мегават мебошад. Ёдрас мешавем, ки иқтидори Неругоҳи барқии обии “Роғун” 3600 мегават мебошад.

 Яке аз хизматҳои бесобиқаи барҷастаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар аз наҷот додани Тоҷикистони азиз аз нестшавӣ, муттаҳид намудани мардум, хотима бахшидан ба хунрезиҳо, бунёдкорию ободонӣ, раҳнамоӣ кардани сокинони кишвар бошад, яке аз хизматҳои бузурги дигари Пешвои миллат ин сохтмони иншооти тақдирсози миллати тоҷик НБО “Роғун” мебошад, ки бо анҷоми сохтмони он зиндагии озоду осоишта ва шоистаи тамоми тоҷику тоҷикистони таъмин мегардад. Сохтмони НБО “Роғун” ягонагии миллати тоҷикро дар атрофии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат исбот кард ва боиси қайд кардан аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин ҳизби созандаву бунёдкор сарпарастии маънавии сохтмони ин Кохи нур мебошад. Ҳоло дар сохтмони ин неругоҳ зиёда аз 2000 аъзоёни ҲХДТ кору фаъолият карда истодаанд. Вақте ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ватандустона барои датгирии сохтмони Роғун ба амал бароварда шуд, тамоми халқи тоҷик, пиру барно, хурду бузурги кишвар онро тарафдори карданд то ин, ки сохтмони он қатъ нагардад.

Ташабусу дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар сохтмони ин неругоҳ ва бастани пеши роҳи дарёи Вахш ба бинокорони ин иншооти аср рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи худ ифтихори тамоми тоҷику Тоҷикистонӣ гардидааст.

Давлат ҒАФФОРЗОДА - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg