БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот самти афзалиятноки фаъолияти ҳизби мо мебошад

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи «Суғдиён»-и Ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии тарғиботии ҳизбӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Фарзона, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ғафорова Насимахон ва сокинони фаъоли деҳаи болозикр баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дасти ҳунармандони деҳаи мазкур ба хотири руҳбаланд намудани ҳунармандони деҳаи Суғдиён ба намоиш гузошта шуда буд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муфассал баромад намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати Эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ як қатор чорабиниҳои мақсадноки таблиғоти баргузор гардида истодаанд. Албата бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кишвари соҳибистиқлоли мо имконият фароҳам оварда шуд, ки соҳаи сайёҳи тарақи ёфта, ҳунарҳои мардумӣ бошад аз нав эҳё гарданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии дастур доданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ қайд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: -«Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор дорад, метавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад. Чунки тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд».

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg