БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” хонандагони деҳотро соҳиби синфхонаҳои иловагӣ менамояд

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвли баргузории суҳбату вохӯрӣ ва хонишҳои сиёсӣ дар деҳу маҳалла ва ташкилоту муассисаҳо дар деҳаи Хӯракдараи ҷамоати деҳоти Шукнов бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов, Ҷамолиддин  Қаюмов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии № 29 Раҷабалӣ Мирзоев, кормандони Маркази ВНМО Момагул Мирзоева ва Сайида Қаюмова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд.

 Дар назди ҳозирин Ҷамолиддин  Қаюмов  баромад намуда, ҷамъомадагонро ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб табрик намуда, вобаста ба иштироккунандагони суҳбат дар бораи он самтҳое,ки ҳозирин ба дарки онҳомерасанд Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018, сарфаю сариштакорона истифода намудани нерӯи барқ, хатари афзояндаи терроризм ва роҳҳои мубориза ба муқобили он, пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва мубтало гардидан ба нашъмандию нашъаҷаллобӣ, риояи қонунҳои миллӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ маълумот  дод.

Корманди ВНМО М. Мирзоева дар баромадаш дар бораи роҳҳои аз як шахс ба шахси дигар гузаштан ва пешгирии ин бемории хавфнок муфассал ҳарф зада, илова бар ин ба иштирокчиёни суҳбат оид ба ин беморӣ варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

Дар суҳбат қайд гардид, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СПИД ба худи шахс вобастагӣ дорад. Агар шахс роҳҳои пешгирии ин бемориро риоя намояд ба он ҳеҷ гоҳ гирифтор намегардад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Р. Мирзоев дар мавзӯъи «Терроризм вабои аср аст» баромад намуда, оқибатҳои фоҷиабори амалҳои террористиро дар Ховари Миёна, Афғонистон, Ироқ, Европа ва дигар гӯшаю канори дунё шарҳ дод ва ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват намуд.

Дар аксияи ҳизбии гузаронидашуда ҷамъомадагон дар ҳамдастӣ сохтани чор синфхонаи иловагиро барои хонандагони деҳа ба уҳда гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg