
ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Дезинфексия» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода оид ба солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд, суханронӣ карда, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.
Инчунин, мавсуф дар охир ҷамъомадагонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо хушиҳои зиндагиро таманно намуд.