БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тақвиятбахши сатҳи зиндагии мо гардид

ПАНҶ. Чорабинии навбатӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Араби ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ  баргузор гардид. Сокинон, ки ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро бо хушнудӣ пазируфтаанд, чорабиниро низ бо як руҳу илҳоми тоза роҳандозӣ намуданд. Вобаста ба ин заҳмату истеъдоди ҳунармандии худро низ ба намоиш гузошта буданд, ки  тамошои он боиси таваҷҷуҳи иштирокдорон гардид.

Зимнан, Файзиев Каримҷон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қайд намуд, ки эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ саривақтӣ буда, бо ин васила фарҳанги қадимаи ниёгон ҳифз гардида, ба таври замонавӣ рушд менамояд ва дар баробари ин  сокинон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагиашон беҳтар мегардад. Ин иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар гардидани зиндагии мардум нигаронида шуда, он ҳам ба манфиати  сокинон ва ҳам ба манфиати давлату ҳукумат мебошад. Мавсуф баъдан оиди озмунҳои ҳизбӣ «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ», «Армуғони Хатлонӣ», «Маликаи Хатлон», «Тарроҳи Хатлон» ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал” бахшида ба “Соли тақвияти робита бо маҳал”  андешаронӣ карда, ҳунармандони маҳалро барои иштирок дар озмунҳо даъват намуд.

Дар идома вакили ҳизбӣ Шарифзода Марям оид ба дастовардҳои истиқлолият, сулху субот ва музафариятҳое, ки бо ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҳизб, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд, ибрози ақида намуд. Аз ҷумла,қайд намуд, ки бо ба истифода додани НБО-и Роғун Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мегардад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg