БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«Роғун» — кохи бузурги нур

НОРАК. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оҳангарон” вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки саҳми ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оҳангарон» дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун хело зиёд мебошад. Кормандони ин ташкилот шабонарӯзӣ барои бунёди ин иншооти бузурги аср масолеҳҳои сохтмонӣ истеҳсол менамоянд.

Сифати корҳо дар ҶСК «Гидромантаж» ҷавобгӯи талабот буда, бо низоми хоси сохтмонӣ аз рӯи стандартҳои бехатарии муҳандисӣ амалӣ карда шудааст.

Аъзои ташкилоти номбурда ҳамеша ҷонибдорӣ аз сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҳамеша саҳми худро дар бунёд ва обод намудани давлати соҳибихтиёрамон саҳмгузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg