БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба рушди хоҷагидорию кишоварзӣ даъват карда шуданд

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо сокинони деҳаи Фурзоба баргузор гардид.

Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Салоҳиддин Раҷабзода сокинонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ -ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, тарғиби урфу анъанаҳоинеки ниёгон, расидан ба қадри ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар оромии кишвар,рушду пешрафти Ватан, Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ба кор шурӯъ намудани НОБ-и Роғун андешаронӣ намуда, сокинонро ба сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз суханрониҳои Роҳбари давлат дар ноҳияи Данғара санаи 05 ноябри соли равон баремоянд, даъват намуд.  

Дар охир дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, раиси он Каримов Сайфулло узви фаъоли ҲХДТ интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg