БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеаи солим пояи устувори давлат аст!

ЛАВАКАНТ. Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант   бо кормандони Маркази назорати давлатии санитарӣ- эпидемиологии  шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова оғоз карда, дар назди ҷамъомадангон оид ба   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  мубориза бар зидди коррупсия андешаронӣ намуда.

Дар фарҷоми сухан Шаҳло Шомудинова ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо хушиҳои рӯзгор ва дар фаъолияташон комёбиҳо таманно намуд.

Сипас, ҳозирин барои баргузории чунин як вохӯрии судманд изҳорӣ қаноатмандӣ карданд.

 

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg