БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот

КӮЛОБ. Дар деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти Даҳана дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимни баргузории чорабинӣ сокинон ҳунарҳои дастӣ ва хӯрокҳои миллиро ба  маърази дид гузошта буданд.

Баъд аз диди намоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ба ҳозирин барои ташкили чунин ҳамоиш изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, омӯзиши хӯрокҳо ва ҳунарҳои қадимаи миллӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳо намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ карда истодаем. Мавсуф гуфт, ки бо баргузории чунин чорабиниҳо мо дар амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро мегузорем.

Чорабинӣ бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ аз ҷониби сокинон ба охир расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg