БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошанд

ҚУБОДИЁН. Дар ташкилоти ибтидоии “Коргар” тибқи нақша- чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  Абдуллоев Ваҳобиддин вохӯрӣ доир гардид, ки дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қапрор дода шуд.

Зимнан Ваҳобиддин Абдулллоев  ҳамагонро бо санаи муҳими таърихӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, оид ба таърих ва моҳияти  муқаддасоти миллӣ  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша кард.

Инчунин,  дар идомаи суҳбат  мавсуф дар  бораи ба фаъолият оғоз намудани НОБ-и Роғун,  расидан ба истифқлолияти энергетикӣ, сафари кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли ҷорӣ,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки барои бартараф намудани мушкилоти  сокинон дар маҳали зист равона карда шудааст, андешаронӣкарда, ҷамъомадагонро барои расидан ба қадри заҳматҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат, вусъати кишту кори тирамоҳӣ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар  ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд.  

Дар охир иштирокдорон суханрониҳои судманди масъулинро  ҷонибдорӣ карда, афзуданд, ки  дар татбиқи Аксияи ҳизбӣ ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  талош хоҳанд варзид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg